- қуфл
- (қулф)[قفل // قلف]1. олати филизӣ, ки бо он дари хона, сандуқ, ҷевон ва ғ. маҳкам мекунанд2. гуфт. кулангдони силоҳи оташфишон: қуфли пулемёт; қуфл будан баста будан, маҳкам будан (бо қулф); қуфл задан қулф овехтан, бастан; қулф кардан; қуфл кардан маҳкам кардан, бастан бо қулф; қуфл шинондан, қуфл шикастан, дарро аз болои касе қуфл кардан, дарро аз дарун қуфл кардан…; қулфу калид олатҳои бастану кушодани дарҳо (-и хазина); қуфл бар дар суст кардан дар ба рӯи соилон боз кардан, мушкили касеро ҳал кардан; қуфл дар роҳ будан банд будани роҳ, баста будани пеши коре; қуфл шудани дарё банд шудани дарё ба сабаби бисёр гаштани об; гӯш қуфл задан гӯш руст шудан; қуфл задан ба даҳони касе касеро ба хомӯшӣ маҷбур кардан, даҳони касеро бастан; қуфли даҳонро кушодан ба гап даромадан, гап задан; қулфи дилро кушодан рози ниҳонии худро ошкор кардан; қулфи хомӯширо шикастан хомӯширо вайрон кардан бо гапи худ; ба сухан даромадан◊ қуфли абҷад қуфле, ки бо рамзҳарфҳо кушода мешавад; қуфли забонбанд д. дуое, ки барои бастани забони касе дар қуфл медаманд
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.